Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои Индипендент, Трамп рӯзи шанбе ( ба вақти маҳаллӣ ) дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Пенсилвания ва дар аввалин ҳузури алании худ пас аз юриши ҳаштуми августи полиси федероли Амрико ба хонааш дар Флорида гуфт : « Ҳеҷ намӯнаи возеҳтаре аз таҳдиди воқеии озодии Амрико аз иттифоқоти чанд ҳафтаи пеш вуҷуд надорад ; замоне ки шоҳиди яке аз такондиҳандатарин суистифода аз қудратҳо тавассути давлат дар таърихи Амрико будем . »
Раиси ҷумҳӯри пешини Амрико гуфт давлати Байден бар ин ҳамла назорат доштааст; амале ки бархилофи протоколҳои қадимӣ мабнӣ бар ин ки вазорати додгустарӣ ва полис мустақил аз Кохи Сафед амал мекунанд,аст .
Трамп ба ҳаводоронаш гуфт, ки « Суистифодаи фоҳиш аз қонун » мунҷар ба « рӯйдодҳое хоҳад шуд, ки ҳеҷ кас ҳаргиз онро надидааст » .
Раиси ҷумҳӯри пешини Амрико ҳамчунин ба суханронии ҳафтаи ҷории Байден посух дод, ки дар он гуфта буд Трамп ва ҳомиёни ҷумҳурихоҳаш « намояндаи ифротгароӣ ҳастанд, ки пояҳои ҷумҳурии моро таҳдид мекунад » .
Трамп ин суханонро ба шиддат маҳкум кард ва онро « бадтарин, нафратангезтарин ва тафриқаангезтарин суханронии як раиси ҷумҳӯрии Амрико » хонд .
Ҳадафи Трамп аз суханронӣ дар Пенсилвания ҷалби ҳимояти ҷумҳурихоҳон пеш аз интихоботи миёндавраии ноябр аст.
342/